Созмони байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон
Save the Children
раддабандии ҳамасолаи кишварҳои бештар мусоид барои модар шудан (
Mother’s Index-2015
)- ро интишор кард.
Раддабандӣ (рейтинг) бо назардошти омилҳое чун маргу мири модарону кӯдакон дар кишвар (бо шумули тифлони навзод, фосилаҳои миёни таваллуди кӯдакон, сифати кумакҳо ҳангоми таваллуд ва вазъи солимии занон ба сурати умум) ва ҳамчунин ҷанбахои иҷтимоӣ – дастрасӣ ба маълумот, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ ва ғайра таҳия мегардад.
Дар рейтини имсола миёни 178 кишвари дунё Тоҷикистон дар мақоми 127-ум қарор дорад. Дар
рейтинги соли гузашта
Тоҷикистон миёни ҳамин миқдор кишварҳои ҷаҳон зинаи 134-умро касб карда буд.
Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рейтинги мазкур Тоҷикистон зинаи охиринро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои узви ИДМ муаллифони рейтинг Беларус (зинаи 25-ум)-ро кишвари бештар мусоид барои модар шудан эътироф намудаанд.
Миёни кишварҳои ИДМ баъди Беларус дар мақоми 56 – Русия, 58 – Қазоқистон, 69 – Украина, 81 – Молдова, 90 – Озарбойҷон, 95 – Туркманистон, 103 – Арманистон, 107 – Қирғизистон ва зинаи 118-ум – Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.
Кишвари пешсаф дар рейтинг Норвегия буда, Финландия ва Исландия мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб кардаанд.
Се зинаи охири рейтингро Мали – зинаи 176, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – 177-ум ва Конго – зинаи 178-ум ишғол кардаанд.





