Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба манзили зисти 4 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон хизматро дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ идома доданд, ташриф овард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бо супориши вазир дар остонаи таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ манзилҳои зисти собиқадорони ҷанги мақомоти корҳои дохилӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.
Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода аз манзили зисти Гришин Ф.М., воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Голиков Н.П. ва Гордян П.П., воқеъ дар ноҳияи Сино ва Сафаров Мадулло, истиқоматкунандаи ноҳияи И. Сомонӣ ташриф оварда, бо сифати корҳои таъмиру азнавсозӣ аз наздик ошно гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилӣ дар баробари расонидани кӯмаки иқтисодӣ аз қабили маводи хӯрока, орд равған, биринҷ, шакар, макарон, сабзавоту меваҷот, дастгоҳҳои техникӣ, аз ҷумла телевизор, инчунин ба ҳар кадоми онҳо кумаки пулӣ расонида, бори дигар масъулини шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияро вазифадор намуд, ки пайваста аз ҳолу аҳволи собиқадорони ҷанг бохабар бошанд.





