Рӯзи 3 май дар канал (ҷӯйи)-и обёрии ҷамоати Гулистони ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ ду нафар кӯдакони синни 8 ва 5-сола ғарқ шуданд.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита ттилоъ дод, ки шаби ҳамон рӯз бо ёрии аҳолии маҳаллӣ ҷасади кӯдакон дарёфт гардида, ба хешону наздиконашон супурда шудааст.
«Мо аз шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ даъват мекунем, ки бо оғози мавсими оббозӣ хеле эҳтиёткору ҳушёр бошанду назди обанбору канал ва кӯлу дарёҳо кӯдаконро беназорат нагузоранд», – қайд кард Нозимов.





