Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноии 6 сарбози қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо (моддаи 373, КҶ ҶТ) айбдор карда мешаванд, аз суд дархост намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 5 соли зиндон маҳкум карда шаванд.
Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе имрӯз, 5 май баррасии парвандаи мазкурро идома дод.
Ёдрас мекунем, ки 5 ноябри соли 2014 миёни хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 6592, воқеъ дар шаҳри Турсунзода Довар Абдулхатов ва Акбархӯҷа Абдураҳмонов муноқиша сар зада, дар ҷараёни он Абдулхатов ба рӯи Абдураҳмонов як зарба мезанад, ки дар натиҷа устухони ҷоғ (манаҳ)-и ахирӣ мешиканад. Моҳи феврали соли 2015 сарбози ҷабрдида ба суд шикоят бурд.
Дар мурофиа сарбози ҷабрдида изҳор намуд, ки ӯро 6 нафар ҳамхизматонаш лату кӯб кардаанд, аммо ба қавли хешону наздикони сарбозони дигар, фарзандони онҳо дар лату кӯби сарбоз ҳеҷ муносибате надоранд. Дар мурофиа дигар сарбозон изҳор доштанд, ки танҳо Довар Абдулхатов ба рӯи Акбархӯҷа Абдураҳмонов зарба зада, онҳо танҳо шоҳиди ин ҳодиса будаанд.
Модари Довар Абдулхатов дар суд қайд кард, ки писараш иқрор шудааст, ки ба зери манаҳи Акбархӯҷа Абдураҳмонов зарба задааст. «Эътироф мекунам, ки аз рӯи натиҷаҳои ташхис ҷабрдида ҷароҳати сатҳи миёна бардоштааст ва дарвоқеъ ҳам ҷоғи ӯ шикастааст. Писари ман як сол пеш ихтиёрӣ ба хизмат рафта, моҳи феврали ҳамин сол унвони сержантиро гирифт. Ман умедворам, ки суд ба писари ман ҷазои сабук медиҳад, то ки ӯ муҳлати хизматашро на дар маҳбас, балки дар артиш пурра адо кунад», – гуфт ӯ.
Дар назар аст, ки суди гарнизони ҳарбии Душанбе имрӯз, 5 май ба 6 сарбози Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳукм содир мекунад.





