Суғд: Нисбати 23 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд



Дар вилояти Суғд нисбати 23 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд.

Адвокати яке аз маҳкумшудагон Муҳаббат Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиаи судии баррасии парвандаи мазкур дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шахри Хуҷанд баргузор шудааст.

Маҳкумшудагон сокинони синни аз 20 то 35-солаи ноҳияҳои Истаравшану Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара мебошанд. Муайян карда шудааст, ки онҳо ҳангоми дар қаламрави Русия қарор доштанашон ба сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» пайвастаанд.

Зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2; 307, дараҷ. 2, қ. 2, 307, дараҷ. 3, қ. 2 ва 347-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Чор нафар аз ин гурӯҳро суд тибқи моддаи 347-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ, 18 нафари дигар ҳар кадомеро ба 9,5 соли зиндони низомаш шадид ва роҳбари гурӯҳро ба 17,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Ҳамин тариқ, соли 2015 суди шаҳри Хуҷанд 47 нафар сокинони вилояти Суғдро ба гумони узвият дар сафҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро мамнӯъ эълон намуд.

spot_imgspot_img

Популярное