Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ба пешниҳоди президенти мамлакат оид ба аз вазифа озод кардани муовини раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода розигӣ доданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз вакилон ба сабаби аз мансаб сабукдӯш шудани муовини раиси Палатаи ҳисоб таваҷҷуҳ зоҳир накард.
Вакилон имрӯз фармонҳои президент дар бораи аз вазифа озод кардан ва ба мансаб таъин кардани раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро
аз мансаб сабукдӯш кард.
Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шуд.
Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷамшед Нурмаҳмадзода
раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. Собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шуд.
Қаблан Ҷамшеди Юсуфиён ба ҳайси муовини аввали раиси БМТ ифои вазифа мекард, ки бо фармони президенти бидуни шарҳи сабаб аз вазифааш озод карда шуд. Муовинони дигари раиси БМТ – Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматов низ бо фармонҳои сарвари давлат бидуни шарҳи сабаб аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.



