С.Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ маърӯза кард



Рӯзи 12 майи соли 2015 дар ҳошияи боздиди расмии худ аз Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ва чолишҳои амнияти минтақавӣ” суханронӣ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суханронии худ С.Аслов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба усулҳои асосӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати хориҷаи кишвар, ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, сиёсати “дарҳои боз” ва нақши он дар тавсеаи ҳамкориҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ва инчунин чолишҳои муосири амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, дар поёни суханронии худ С.Аслов ба саволҳои марбут ба зарурати қабули консепсияи нави сиёсати хориҷаи Тоҷикистон, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, мавқеи Тоҷикистон нисбати масоили мубрами амнияти минтақавӣ ва инчунин рушди вазъияти Афғонистон ва аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва тамоми минтақа посух дод. 

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот сафирони кишварҳои хориҷии муқими Деҳлии Нав, сиёсатшиносон, коршиносони масоили байналмилалӣ ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное