Имрӯз, 18 май ноиби президенти Бонки рушди Чин Сиаою Жао бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбьаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар доираи сафари ҷаноби Сиаою Жао ба Тоҷикистон ӯро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ба гуфтаи манбаъ, тӯли солҳи сипаришуда Бонки рушди Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. доллари амрикоӣ қарзу бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод намуда, айни замон дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ ба маблаги 530 млн. доллари ИМА як қатор лоиҳаҳо мавриди амалишавӣ қарор доранд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имрӯз ҳайати доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон профессор Райнер Линднер низ ҷиҳати иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон бо сафари дурӯза ба Душанбе меоянд.
Гуфта мешавад, пагоҳ 19 май котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД дар Хуҷанд иштирок мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз 23 то 25 май сафари раиси вилояти Ивановои Федератсияи Россия П.Конков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.


