Иштирокдорони амалиёт дар доираи
санҷиши ногаҳонии
ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои низомии зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда мавқеъҳои худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сурати ноамн шудани вазъ дар ин минтақаро муайян карданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавқеъҳои Нерӯҳои зудамали СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Шаҳритӯс, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Дарвоз муқаррар карда шуданд.
«Имрӯз дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои марҳилаи фаъоли санҷиши ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои зудамали СААД доир гардида, пагоҳ воҳидҳои низомӣ ҳамоҳангсозии ҷангии фаъолият ва ҳамчунин малакаҳои амалии типарронӣ дар ҳолатҳои ҷангиро мавриди омӯзишу ба иҷро мерасонанд», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.
Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон
интиқол дода шуданд.
Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.


