Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 19 май сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва сиёсати нави Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили муҳимми минтақавӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт.



