Шиддати вазъ дар Афғонистон ва эҳтимоли афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи 201-уми Русия



Дар мусоҳиба ба хабаргузории «Азия-Плюс» директори Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Умар Ниссор изҳор дошт, ки шояд шиддати вазъ дар Афғонистон ба афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боис гардад.

«Қобили таваҷҷуҳ аст, ки шиддатёбии вазъ дар шимоли Афғонистон қариб дар як замон бо хурӯҷи қисматҳои асосии нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз кишвар шурӯъ шуд. Бешубҳа, вазъи мавҷуда кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама кишварҳои ҳамҷавори собиқи шӯравии Осиёи Миёна бо Афғонистонро ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масъала водор месозад ва қабл аз ҳама бо ин сабаб, ки маълумоти аз шимоли Афғонистон дастрасмешуда зидду нақиз ва кофӣ набуда, арзёбӣ ва таҳлили вазъи воқеъиро мушкил месозад», – иброз дошт коршинос.

Ба ҳар ҳол, ӯ ба кофӣ будани иқтидору нерӯ ва имконоти гурӯҳҳои мусаллаҳи дар он сӯи дарёи Панҷ ҷамъомада ҷиҳати убури бузургмиқёси марз шубҳа дорад. «Бо вуҷуди ин, хоҳ нохоҳ вазъи кунунӣ дар шимоли Афғонистон аллакай СААД-ро водор намуд, ки дар минтақаи назди марзи Тоҷикистону Афғонистон шояд бузургтарин размоиши низомӣ тайи солҳои ахирро баргузор кунад», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное