Ҳамсари Зевармо: Ҳаволаи ёвари прокурорро ба Худо месупорам

Хешону наздикони корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пирова, ки рӯзи 28 сентябри соли 2014 бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ҳалок шуда буд, имрӯз даъвои худ нисбати гунаҳкори садама барои ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомониро бозхонданд. Мирзо Муродов, ҳамсари […]

Мавзуна Абдуллоева



Хешону наздикони корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пирова, ки рӯзи 28 сентябри соли 2014 бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ҳалок шуда буд, имрӯз даъвои худ нисбати гунаҳкори садама барои ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомониро бозхонданд.

Мирзо Муродов, ҳамсари Зевармо Пироваи марҳум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт имрӯз мебоист қарори худ дар бораи даъвои онҳоро эълон кунад, вале ӯ аз даъво даст кашидааст. «Ҳаволаи ӯро ба Худо месупорам», – иброз дошт Муродов.

Қобили зикр аст, ки аз аввали моҳи май суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба барррасии даъвои хешону наздикони Зевармо Пирова аз болои Фирӯз Холиқзода оид ба талаби ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ба ҷабрдидагон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ оғоз намуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 28-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола 

бар асари зери чархи автомашинаи

 ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид.

Аз рӯи далели рух додани садамаи нақлиёт ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задан прокуратураи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоти онро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба зимма гирифт. 

Гунаҳкори садамаи нақлиёт Фирӯз Холиқзодаи 31-сола ба ҳайси ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият дошт. Ӯ писари собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Кароматулло Холиқов мебошад, ки се сол қабл аз олам даргузашт.

Санаи 29 ноябри соли 2014 Фирӯз Холиқзода мавриди афв қарор гирифта, аз тавқифгоҳи муваққатӣ озод карда шуд. Суди ноҳияи Сино қарор кард, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Ф.Холиқзода мутобиқи моддаи 212и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) қатъ ва айбдоршаванда афв карда шавад, вале наздикони зани ҳалокшуда бо ин қарори суди ноҳияи Сино розӣ набуданд. Шавҳари зани ҳалокшуда

ҷиҳати бозбинии қарори мазкур

ба суди шаҳри Душанбе даъво бурд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки Фирӯз Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.