Қ.Расулзода ҳамтои қирғизашро ба Тоҷикистон даъват кард



Имрӯз, 29 май зимни мулоқоти нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Темир Сариев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои авруосиёии байниҳуккуматӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон, дар ҷараёни вохӯрӣ Қоҳир Расулзода ба масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ ва Комиссия оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳоро таъкид намудааст.

Дар навбати худ Темир Сариев изҳор доштааст, ки барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон имконоти зиёде мавҷуд аст. «Муносибатҳои мо дар ҳоли рушд ва барои тарафайн судманд қарор доранд», – гуфтааст ӯ.

Дар робита ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо Сариев қайд кардааст, ки «бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб, Қирғизистон қотеъона ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала талош меварзад».

Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин тавсеъа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар бахшҳои истифодаи захираҳои обиву энергетика ва соҳаи тмҷорату иқтисодро низ таъкид доштааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи иштироки Қирғизистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, табодули назар намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ Қоҳир Расулзода аз ҳамтои қирғизи худ даъват кардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоварад.

spot_imgspot_img

Популярное