Қ.Расулзода ҳамтои қирғизашро ба Тоҷикистон даъват кард

Имрӯз, 29 май зимни мулоқоти нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Темир Сариев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои авруосиёии байниҳуккуматӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон, дар ҷараёни вохӯрӣ Қоҳир Расулзода ба масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати тақвияти […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 29 май зимни мулоқоти нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Темир Сариев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои авруосиёии байниҳуккуматӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон, дар ҷараёни вохӯрӣ Қоҳир Расулзода ба масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ ва Комиссия оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳоро таъкид намудааст.

Дар навбати худ Темир Сариев изҳор доштааст, ки барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон имконоти зиёде мавҷуд аст. «Муносибатҳои мо дар ҳоли рушд ва барои тарафайн судманд қарор доранд», – гуфтааст ӯ.

Дар робита ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо Сариев қайд кардааст, ки «бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб, Қирғизистон қотеъона ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала талош меварзад».

Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин тавсеъа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар бахшҳои истифодаи захираҳои обиву энергетика ва соҳаи тмҷорату иқтисодро низ таъкид доштааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи иштироки Қирғизистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, табодули назар намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ Қоҳир Расулзода аз ҳамтои қирғизи худ даъват кардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоварад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.