Ташрифи вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон ба Душанбе пас аз таваққуфи 17-сола

Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Адҳам Аҳмадбоев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 4-6 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод. Қобили зикр аст, ки ахири солҳои 90-уми қарни гузашта муносибатҳо […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Адҳам Аҳмадбоев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 4-6 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Қобили зикр аст, ки ахири солҳои 90-уми қарни гузашта муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида, то ин замон вазири корҳои дохилии ҳамсокишвар боре ҳам аз Тоҷикистон боздид накарда буд. Охирин вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-полковник Зокир Алматов тобистони соли 1998 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Дар кори ҷаласаи роҳбарони ВКД ва Вазорати амнияти ҷамъиятӣ (Чин)-и СҲШ дар Душанбе, ки таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода доир мегардад, ба ҷуз вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон, ҳамчунин иштироки вазирони корҳои дохилии Русия – генерал-полковник Владимир Колоколтсев, Қирғизистон – генерал-майор Мелис Турғунбоев, Қазоқистон – генерал-полковник Қулмуҳанбет Қосимов ва вазири тартиботи ҷамъиятии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин Го Шэнкун дар назар аст.

Дар ҷаласаи Душанбе вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо киберҷиноятҳо, терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин иштироки вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ дар тамринҳои муштараки воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин, ки  дар машқгоҳи ҳарбии дараи Магоби шаҳри Ваҳдат барпо мешавад, низ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.