Сарфи назар аз гармии 36-37 дараҷа, дар Душанбе ягон макони оббозӣ амал намекунад: кӯлҳои Варзобу Ҷавонон (Комсомол) то ҳол бо об пур нашуда, як ҳолати ҳузноваре доранд.
Аз манзараҳои зебову оби мусаффо ва оилаҳои машғул ба истироҳат дар ин ҷо имрӯз чизе боқӣ намонда, ин маконро акнун хатарнок ҳам метавон ном бурд, зеро дар дохили кӯли хушкшуда сари ҳар қадам бо шишапораҳо, шишаҳои пластикӣ, бастаҳои ҳар гуна маҳсулоти ғизойӣ ва ҳатто сарулибоси тагпӯши мардум ва ғайра дучор шудан мумкин аст.
«Чаро кӯлро бо об пур накарданд?», – мепурсем аз сокини маҳаллӣ. «Барои он ки ба наздикӣ моҳи Рамазон фаро мерасад», – бо итминон посух медиҳад ӯ.
Дар ҳамин ҳол, андешаҳои дигаре низ дар ин маврид ҷой доранд:
«Хӯҷаин арзиши иҷораро то ҳадде боло бурд, ки дигар касе дар нуқтаҳои фурӯши назди кӯл савдо карданӣ нест, аз ин рӯ, кӯлро бо об пур накарданд», – мегӯянд дигар сокинони маҳаллӣ.
Дар бораи сабаби имсол бе об мондани Кӯли ҷавонон ҳатто афроде, ки дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумии наздики кӯл кор мекунанд, чизе намедонанд.
«Ин ҳолате, ки дар моҳи июн Кӯли ҷавонон беоб бошад, аз соли 1939 ба мушоҳида нарасидааст, – мегӯяд муаррих Ғафур Шерматов. –Ҳатто замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯлро ба мавсими оббозӣ омода мекарданд. Албатта, сабаби беобии кӯлҳои асосии моро метавон ба иҷрои корҳои гуногун нисбат дод, вале пас дар зимистон ба чӣ коре машғул буданд? Ҳамаи душанбегиҳо имкон надоранд, ки ба минтақаҳои истироҳат раванд, аз ин рӯ, кӯлҳои Варзобу ҷавонон ягона макони истироҳату паноҳ ёфтан аз гармии тоқатфарсо барои сокинони пойтахт аст. Шояд акнун аз ин имкон ҳам маҳрум шудем».
Соҳили кӯли Варзоб
Ҳанӯз соли гузашта дар ин кат мардум гирдиҳам меомаданд
Қаъри (дохили) кӯли Варзоб
Ҳамин гуна чархофалакҳо дар аксҳои Припят дар 3 километрии нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил низ тасвир шудаанд
Истгоҳи қаиқ (заврақ)-ҳо дар кӯли Варзоб
Замоне ин ҷо шояд яхмос мефурӯхтанд
Ин ҳам кӯли Варзоб аст
Кӯли Варзоб дар солҳои 70-ум
Ана чӣ чизе пинҳон аст пушти биноҳои зебои чойхонаи «Кохи Наврӯз» ва меҳмонхонаи Hyatt
Ин дар қаъри кӯли ҷавонон аст
Кӯли ҷавонон аллакай дигар он кӯл нест…
Солҳои 70-ум он чунин буд





