Ташрифи як қатор меҳмонони воломақоми хориҷӣ ба ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 8 июни соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Аламро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8 июни соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Аламро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Бангладешро баррасӣ намуда, бар зарурати таҳкими робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъкид намуданд.

Ҳамзамон дар атрофи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Рӯзи 8 июн вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Тэхо, ки ҳайати ин кишварро дар Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 раҳбарӣ мекунад, баргузор гардид.

Роҳҳои татбиқи тавофуқоти дуҷониба, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли ҷорӣ ҳосил шуда буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба хусус СММ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин рӯз вохӯриҳои Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарони ҳайатҳои Словакия ва Олмон – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Тошканд Павол Иван ва Ваколатдор оид ба ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлимӣ дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Эрнст Питер Фишер, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо аҳамияти Конфронси мазкур барои ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳони имрӯз таъкид гардида, cамтҳои ҳамкориҳо ва дурнамои густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи дуҷониба, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупоро барраcӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.