Ҳамаи кӯлҳои Душанбе хушк шудаанд (14 АКС)

Сарфи назар аз гармии 36-37 дараҷа, дар Душанбе ягон макони оббозӣ амал намекунад: кӯлҳои Варзобу Ҷавонон (Комсомол) то ҳол бо об пур нашуда, як ҳолати ҳузноваре доранд. Аз манзараҳои зебову оби мусаффо ва оилаҳои машғул ба истироҳат дар ин ҷо имрӯз чизе боқӣ намонда, ин маконро акнун хатарнок ҳам метавон ном бурд, зеро дар дохили […]

Таҳияи Лилия ГАЙСИНА, ASIA-Plus



Сарфи назар аз гармии 36-37 дараҷа, дар Душанбе ягон макони оббозӣ амал намекунад: кӯлҳои Варзобу Ҷавонон (Комсомол) то ҳол бо об пур нашуда, як ҳолати ҳузноваре доранд.


Аз манзараҳои зебову оби мусаффо ва оилаҳои машғул ба истироҳат дар ин ҷо имрӯз чизе боқӣ намонда, ин маконро акнун хатарнок ҳам метавон ном бурд, зеро дар дохили кӯли хушкшуда сари ҳар қадам бо шишапораҳо, шишаҳои пластикӣ, бастаҳои ҳар гуна маҳсулоти ғизойӣ ва ҳатто сарулибоси тагпӯши мардум ва ғайра дучор шудан мумкин аст.

«Чаро кӯлро бо об пур накарданд?», – мепурсем аз сокини маҳаллӣ. «Барои он ки ба наздикӣ моҳи Рамазон фаро мерасад», – бо итминон посух медиҳад ӯ.

Дар ҳамин ҳол, андешаҳои дигаре низ дар ин маврид ҷой доранд:

«Хӯҷаин арзиши иҷораро то ҳадде боло бурд, ки дигар касе дар нуқтаҳои фурӯши назди кӯл савдо карданӣ нест, аз ин рӯ, кӯлро бо об пур накарданд», – мегӯянд дигар сокинони маҳаллӣ.

Дар бораи сабаби имсол бе об мондани Кӯли ҷавонон ҳатто афроде, ки дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумии наздики кӯл кор мекунанд, чизе намедонанд.

«Ин ҳолате, ки дар моҳи июн Кӯли ҷавонон беоб бошад, аз соли 1939 ба мушоҳида нарасидааст, – мегӯяд муаррих Ғафур Шерматов. –Ҳатто замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯлро ба мавсими оббозӣ омода мекарданд. Албатта, сабаби беобии кӯлҳои асосии моро метавон ба иҷрои корҳои гуногун  нисбат дод, вале пас дар зимистон ба чӣ коре машғул буданд? Ҳамаи душанбегиҳо имкон надоранд, ки ба минтақаҳои истироҳат раванд, аз ин рӯ, кӯлҳои Варзобу ҷавонон ягона макони истироҳату паноҳ ёфтан аз гармии тоқатфарсо барои сокинони пойтахт аст. Шояд акнун аз ин имкон ҳам маҳрум шудем».

Соҳили кӯли Варзоб

Ҳанӯз соли гузашта дар ин кат мардум гирдиҳам меомаданд

Қаъри (дохили) кӯли Варзоб

Ҳамин гуна чархофалакҳо дар аксҳои Припят дар 3 километрии нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил низ тасвир шудаанд

Истгоҳи қаиқ (заврақ)-ҳо дар кӯли Варзоб

Замоне ин ҷо шояд яхмос мефурӯхтанд

Ин ҳам кӯли Варзоб аст

Кӯли Варзоб дар солҳои 70-ум

Ана чӣ чизе пинҳон аст пушти биноҳои зебои чойхонаи «Кохи Наврӯз» ва меҳмонхонаи Hyatt

Ин дар қаъри кӯли ҷавонон аст

Кӯли ҷавонон аллакай дигар он кӯл нест…

Солҳои 70-ум он чунин буд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.