Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону ЭСКАТО

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо арзи сипос намуд.

Бо қаноат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин комиссияро дар соли 2015 бар уҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи онро дар сатҳи баланд амалӣ менамояд.

Атрофи рӯзномаи конфронси Душанбе роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015” табодули назар карда шуд. Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором минбаъд ҳам аз пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, умуман, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.