Чорабиниҳо барои беҳбуди хидматрасониҳои давлатӣ

Рӯзҳои 15 ва 16 июни соли 2015 дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бахшида ба истифодаи додаҳои боз дар инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва беҳтар намудани хидматрасониҳои давлатӣ чорабиниҳо гузаронда  мешаванд. Рузи  15 июн баъди зуҳр, мизи мудаввар дар назар аст, ки дар он натиҷаҳои Арзёбии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додаҳои боз муаррифӣ […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзҳои 15 ва 16 июни соли 2015 дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бахшида ба истифодаи додаҳои боз дар инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва беҳтар намудани хидматрасониҳои давлатӣ чорабиниҳо гузаронда  мешаванд.


Рузи  15 июн баъди зуҳр, мизи мудаввар дар назар аст, ки дар он натиҷаҳои Арзёбии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додаҳои боз муаррифӣ мешаванд ва тавсияҳои мувофиқ оид ба нақшаҳои оянда дар ин самт муҳокима мегарданд. Рузи 16-и июн семинари таълимӣ-амалӣ оид ба истифодаи додаҳои боз дар рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ бо иштироки мутахассисони варзида аз Қазоқистон, Руссия, ИМА ва Олмон баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи «Пешбурди консепсияи додаҳои боз дар ҶТ» аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Интернет» дар ҳамкорӣ бо  Маркзи ТИК-Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҶТ ва Банки умумиҷаҳонӣ бо кумаки молии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Инкишофи иқтидори хидматчиёни давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар истифодаи додаҳои боз барои рушди кишвар ҳадафи ин чорабинӣ аст. Дар ин семинар хидматчиёни давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Точикистон ва мутахассисони байналмилалӣ аз Қазоқистон, Руссия, ИМА ва Олмон, ки моделҳои амалии истифодаи додаҳои бозро дар инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа  муаррифӣ мекунанд, ширкат хоҳанд варзид.

Иштирокдорони семинарро Қадамҷон Сафизода – роҳбари Маркази ТИК-и дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, котиби масъули Шурои ТИК-и назди Президенти ҶТ хайра мақдам хоҳад гуфт. Ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, директории иҷроияи ИҶК БМ – Зуҳра Ҳалимова, Директори ПРООН дар Тоҷикистон – Норимаса Шимомура ва намояндаи офиси Банки умуиҷаҳонӣ дар ҶТ – Собир Қурбонов сухан хоҳанд гуфт.

«Маълумоти  кушода  (англ. open data)  мафҳумест баёнгари он идея, ки маълумоти муайян бояд  барои истифода ва бознашр бидуни маҳдудияти ҳуқуқи муаллифӣ, иҷозтнома ва дигар механизмхои назоратӣ, дар дастарасии озод бошанд. Аз амалӣ шудани мафҳуми «ҳукумати кушода» фоидаи бевосита ва бавоситаи он на танҳо ба ҳукумат, балки қабл аз хама ба шаҳрвандон мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.