Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2015» дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷаббор Расулов 22 ҳазору 300 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.



