Таваҷҷуҳи раиси Суғд ба рушди футболу чавгон миёни наврасон

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Кодирӣ рӯзи 23 июн бо кормандон ва масъулини муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон»-и вилоят мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят оиди ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти муассиса ва роҳҳои бартараф сохтани он аз масъулин пурсиш […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Кодирӣ рӯзи 23 июн бо кормандон ва масъулини муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон»-и вилоят мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят оиди ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти муассиса ва роҳҳои бартараф сохтани он аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати пурзур кардани кор дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин самт бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шуда, иттифоқи чавгонбозон таъсис дода шавад, зеро чавгонбозӣ яке аз намудҳои варзиши ниёгонамон ба ҳисоб рафта, аз қадим гузаштагонамон ба он шуғл меварзиданд ва дар байни мардум маҳбубияти зиёд дошт.

Дар ин раванд раиси вилоят масъулинро вазифадор сохт то барои муассиса ҷойгоҳи доимӣ пайдо намуда, ҳамчунин ҷалби мураббиҳои варзида, ҳамкорӣ бо гурӯҳи чавгонбозони Эрон ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Вобаста ба дастаи футболбозони наврас дастур дода шуд, ки бояд  беҳтарин варзишгаронро аз тамоми қалмарави вилоят сарҷамъ кард ва дар маркази вилоят баҳри буду боши онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Ин тадбири муҳим имконият медиҳад, ки дар оянда дастаҳои футболи вилоят ва кишвар бо бозингарони моҳир  таъмин гарданд ва варзиши тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созанд.

Хотиррасон бояд кард, ки пас аз таъсиси мактаби мазкур дастаҳои махсуси чавгонбозӣ ва футбол фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондаанд. Бино ба иттилои масуълин айни замон дар гуруҳи чавгонбозӣ 54 нафар машқу тамрин доранд, ки аз онҳо 20 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо мақсади оммавӣ гардонидани футбол дар асоси дастури  Раиси вилоят то имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят кастинги футболбозони наврас гузаронида шуда, 27 гурӯҳ ташкил ёфтааст, ки дар онхо 216 нафар футболбозони наврас ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Хотиррасон бояд кард, ки «Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон» нахустин ва ягона мактаб дар кишвар аст, ки дар он наврасону ҷавонон илова бар бозии футбол ҳамзамон чавгонбозиро меомӯзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.