САҲА истирдод нашудани Шабнам Худойдодоваро дархост дорад

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо дархости истирдод нашудани яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодоваи дар ин кишвар боздоштшуда муроҷиат намуд. Бино ба иттилои ВАО, дар изҳороти худ аз 2 июл САҲА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ӯхадориҳои назди ин созмон ба зимма гиритаашро пурра иҷро намояд. Дар изҳороти САҲА талаботи […]

ASIA-Plus



Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо дархости истирдод нашудани яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодоваи дар ин кишвар боздоштшуда муроҷиат намуд.

Бино ба иттилои ВАО, дар изҳороти худ аз 2 июл САҲА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ӯхадориҳои назди ин созмон ба зимма гиритаашро пурра иҷро намояд. Дар изҳороти САҲА талаботи «боз кардани роҳи дидгоҳҳои алтернативӣ» дарҷ ёфтааст.

Моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон кард. Санаи 12 июни соли 2015 Худойдодова ба Беларус раҳсипор шуд, то ки ба дафтари кории Раёсати Комиссари Олӣ оид ба гурезагони СММ барои дарёфти мақоми гуреза муроҷиат кунад.

Рӯзи 15 июн зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова

 ба ҳабс гирифта шуд.

 Дар ин бора дар 

блоги Надежда Атоева

, президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода шуда буд.

Шабнам Худойдодова пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд.

 «Моҳи январи соли 2015 дар манзили Шабнам Худойдодова кофтуков гузаронида шуда, модар ва шахсонеро, ки ӯ дар Тоҷикистон бо онҳо муносибат дошт, бозпурсӣ карданд. Солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Чанде қабл ӯ огоҳ гардид, ки дар Русия ба рабуданаш омодагӣ мегиранд. Ин ташвишҳо асос доранд: соли ахир ҷонибдорони «Гурӯҳи 24»-ро чандин маротиба рабуда, пешвои он Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд», – зикр мегардад дар блоги ҳомии ҳуқуқ.

Рӯзи 20 июн хабаргузории беларусии 

БЕЛТА

 иттилоъ дод, ки масъалаи истирдоди Шабнам Худойдодова ба ватан

мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар маълумоти хабаргузорӣ бо истинод ба хадамоти матбуоти гурӯҳи марзбонон дар нуқтаи байнулмилалии роҳи оҳани «Брест» қайд шуда буд, ки кормандони ин нуқтаи марз шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доштааст, ошкор кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.