Раиси МТС: ҲНИТ-ро ба ҷояш мебояд шинонид



Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (оппозитсия)-и тоҷик (ИНОТ) сухан гуфтан надорад.

Ба гуфтаи ӯ,  намояндагии ҲНИТ дар ин Иттиҳод, ки аллакай аз соли 2003 амал намекунад, ҳамагӣ 25%-ро ташкил медод.

Роҳбари МТС қайд кард, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ  аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон»  ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик, дар маҷмӯъ аз 8 нафар иборат буд.

Ӯ таъкид дошт, ки «имрӯз аз номи ИНОТ ҳарф задани собиқ аъзои он комилан нодуруст аст». «Бигзор акнун ҳар кадом иттиҳодияи сиёсӣ аз номи худ сухан гӯяд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба эҳтимоли баста шудани ҲНИТ аз ҷониби ҳукумат, номбурда зикр кард, ки ҳеҷ касе ба манъи фаъолияти иттиҳодияҳои сиёсие, ки дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ амал мекунанд, ҳуқуқ надорад.

«Аммо, – афзуд ӯ. – Агар ҳизб амалҳои ғайриқонунӣ содир намояд, ки мо аз гузоришҳои телевизионӣ ба он шоҳидем, пас ӯро ба ҷояш мебояд шинонид».

spot_imgspot_img

Популярное