Суғд: Мусодираи беш аз 10 кило ҳашиш



Зимни баргузории чорабиниҳои махсус рӯзи 5 июл кормандони милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 10 килову 280 грамм маводи нашъаовари ҳашишро аз муомилоти ғайиқонунӣ мусодира намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар ин робита аз рӯи далели ғайриқонунӣ нигоҳ доштани он сокини маҳаллии 49-сола боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное