Имзои санади навбатӣ миёни Тоҷикистону Эрон оид ба бозсозии нақби «Истиқлол»

Рӯзи 7 июли соли равон  дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот бо вазири нерӯи Эрон Ҳомид Читчиён, ки қабл аз маросими имзои санади мазкур анҷом шуд, сафири […]

ASIA-Plus



Рӯзи 7 июли соли равон  дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот бо вазири нерӯи Эрон Ҳомид Читчиён, ки қабл аз маросими имзои санади мазкур анҷом шуд, сафири Тоҷикистон Неъматулло Эмомзода таъкид сохт, ки  имзои санади мазкур ба ҳалли мушкилот дар корҳои боқимондаи нақб мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълуомти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, анҷоми корҳои бозсозии нақби Истиқлол моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз 22 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд маҳдуд карда шуда,  аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб  то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ

изҳор дошта буд,

ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.