Суди олӣ «Ҳоҷӣ Самандар» ва ҳаммаслаки ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард

Суди олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонови 53-сола, бештар маъруф бо лақаби «Ҳоҷӣ Самандар»-ро, ки дар куштори бародарон Каримовҳо ва машғул будан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд ва ҳамчунин ҳаммаслаки ӯ Саидмурод Мадалиевро ба ҷазои ҳабси абад маҳкум кард. Бино ба маълумоти Суди олӣ, гумонбари сеюм дар ин парвандаи ҷиноӣ Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати […]

Аваз Юлдошев



Суди олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонови 53-сола, бештар маъруф бо лақаби «Ҳоҷӣ Самандар»-ро, ки дар куштори бародарон Каримовҳо ва машғул будан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд ва ҳамчунин ҳаммаслаки ӯ Саидмурод Мадалиевро ба ҷазои ҳабси абад маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Суди олӣ, гумонбари сеюм дар ин парвандаи ҷиноӣ Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми ноябри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуданд.

Санаи 25 ноябри соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи

боздошти қотилони эҳтимолии

бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод.

Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор, қаблан ду маротиба маҳкумшуда барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шаҳрванд Абдулазиз Усмонов, маъруф ба Ҳоҷӣ Самандар боздошт шудааст.

Боздоштшуда дар гузориши телевизионӣ гуфт, сабаби қатли бародарон Каримовҳо қарзҳояшон аз маводи нашъаовари гирифтаашон аст. Ҳоҷӣ Самандар қайд кард, ки ба бародарон миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири сахттаъсир – 100 кило героинро дода, вале маблағи пулӣ барои «мол»-ро нагирифтааст.

Бо мақсади қатли бародарон ӯ ду нафар киллерҳо (одамкушон) аз ноҳияи Ҳисорро киро намудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои одамкушӣ 15 сол маҳкум шуда, дигарӣ барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. «Ман онҳоро бояд мекуштам, вагарна онҳо маро ба қатл мерасониданд, – гуфт назди камераи телевизион Ҳоҷӣ Самандар.

Ба қавли афрлди кирошуда, бо фармоиши Ҳоҷӣ Самандар онҳо ҳамроҳ бо ӯ бародаронро ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар як макони қулай нахуст ба сари онҳо бастаҳои пластикӣ мепӯшонанд ва сипас ба онҳо тир кушодаанд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр кардаанд.

Санаи 19-уми ноябри соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи 

бедарак шудани бародаронаш

 бо ариза муроҷиат кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.