Оғози мотопойгаи «Мо тоҷиконем» дар Душанбе



Рӯзи 15 июл дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт маросими гусел ва ба сафар баромадани мотосиклронҳои тоҷик Фарҳод Калонов, Ҷамшед Розиқов ва Фариз Нурмуҳаммедов  – иштирокчиёни пойгаи ватандӯстона таҳти унвони «Мо тоҷиконем» баргузор мешавад.

Иштирокчиёни ин пойга тариқи 428 шаҳрҳои 8 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Абхозистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Турманистон 8 ҳазор километро роҳро тай хоҳанд кард.

«Мо хеле умедворем, ки ин иқдом ба афзоиши нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногуне, ки қаламрави кишварашонро мо убур мекунем, мусоидат хоҳад кард», – гуфт созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба туфайли дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои иштирокчиёни пойга бо тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар вохӯриҳо ташкил карда мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Дар сафар мо бо ҳамватанонамон дар консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳо дидору мулоқот мекунем ва ба ин фикрем, ки бисёриҳо ба вохӯрӣ меоянд, чунки дур аз ватан ҳама инсонҳо пазмони он мешаванд ва мо як қисмате аз Тоҷикистонро бо худ мебарем. Вазифаи мо рӯҳбаланду зиндадил сохтани ҷавонони мо дар хориҷи кишвар аст», – афзуд Калонов.

Қобили зикр аст, ки мотопойгаи «Мо тоҷиконем» бори нахуст доир гардида, муддати як моҳ идома меёбад.

spot_imgspot_img

Популярное