Ҳукми 13 соли зиндон ба пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»



– Пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд, – менависад



дар блоги худ


  ҳомии ҳуқуқ, роҳбари Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева  бо истинод ба адвокати русиягии ӯ.

Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2015 аз манзил дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум, эҳтимол кормандони хадамоти махсус рабуда шуд. Дар бораи рабуда шудани М.Иброҳимов нахуст ҳоми ҳуқуқи рус Николай Николаев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Баъди чанде ӯ дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Ба қавли наздикони М.Иброҳимов эҳтимол меравад, ки сипас ӯ пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, танҳо баъд аз гузашти 10 рӯз мақомоти расмии кишвар тасдиқ намуданд, ки Иброҳимов дар Душанбе қарор дошта, дар тавқифгоҳи мувақкатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Он замон иттилоъ дода шуда буд, ки шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Мақсуд Иброҳимов, ки доимо дар вилояти Ростови Русия иқомат дошт, аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН Ризо Халифазода рӯзи 30 январи соли равон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки нисбати боздоштшуда мувофиқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом моддаҳо айбдор шудани М.Иброҳимов саҳеҳан маълумот надод.

«Ӯро дар ҳамдастӣ доштан бо «Гурӯҳи 24» гунаҳкор мекунанд, вале ӯ инро рад намуда, тасдиқ менамояд, ки дар таъсиси «Ҳаракати демократии ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Русия иштирок кардааст. Чанд рӯз қабл М.Иброҳимовро ба 13 соли зиндон маҳкум карданд», – менависад дар блги худ Н.Атаева.

Бино ба навиштаи ҳомии ҳуқуқ, ба дархостҳои адвокати ӯ ба Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти прокуратура дар ин хусус посухе нарасидааст.

«Моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро «созмони ифротгаро» эълон кард. Бисёре аз чизҳо бозгӯи онанд, ки ин таъқиби ҳадафноки сиёсии мухолифин аст. Ин таъқибҳо ба иштирокчиён ва ҷонибдорони ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» низ дахл кард, зеро ҳукуматдорони тоҷик ба исботи робита доштани онҳо бо «Гурӯҳи 24» кӯшиш мекунанд. Дар ҳамин ҳол, роҳбари ин созмонҳо шахсони алоҳида буда, ҳадафу вазифаҳояшон ҳам гуногун аст. Ташаббусҳои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ба дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва роҳандозии ислоҳот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия нигаронида шудаанд. Аксари аъзои «Гурӯҳи 24» дар Русия ва дигар кишварҳо дар конфронсҳо оид ба баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик ва вазъ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, иқдомҳои муштараки эътирозӣ дар робита ба бедаракшавии Мақсуд Иброҳимов ширкат варзиданд», – қайд мекунад Надежда Атаева.

Аввали моҳи апрели соли равон Николай Николаев, адвокати Мақсуд Иброҳимов,

изҳор намуда буд,

ки ба баргардонидани зерҳимояи худ ба қаламрави Русия талош варзида, сипас аз ҳуқуқҳои ӯ дар суди Русия ва суди ҳуқуқи башари Аврупо ҳимоят хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное