Суди ноҳияи Синои пойтахт модари духтари ноболиғро, ки ба ҷойи дарсҳо дар маҳфилҳои шабона рақс мекард, ҷарима баст. Дар ин бора портали «Диалог» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ҷарима се нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 120 сомониро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти суд, хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 то 15 апрел ба дарсҳо ҳозир нашуда, дар яке аз маҳфилҳои шабонаи пойтахт ба раққосагӣ машғул будааст.
«Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки суд модари духтари ноболиғро дар иҷро накардани ӯхдадориҳои тарбиявӣ мутобиқи моддаи 90-и Кодекси маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 нишондиҳандаи ҳисоб ба маблағи 120 сомонӣ (ҳудуди 18 $) ба нафъи давлат ҷарима кардааст», – менависад портал.



