Вазъ дар Помир хеле ташвишовар боқӣ мемонад



Вазъ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар робита ба баста шудани маҷрои дарёи Ғунд бар асари фаромадани сел ва обу лойқаи ҳамроҳ бо он хеле ташвишовар боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки дар

пайи омадани сели харобиовар

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16 июл беш аз 39 манзили сокинони ҷамоати деҳоти Сӯчон пурра ва даҳҳо хонаи дигар қисман вайрон шудааст.

Аз мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз об яке аз нуқтаҳои сарбанди сунъиро рахна карда, лойқа ва боқимондаҳои манзилҳои фарогирифтаро ба самти поён бурдааст, ки дар ин самт деҳаҳои Манем, Богев, Даштак, Сангоб, Бидурд ва Хоруғ ҷойгир шудаанд. Дар сурати рахнаи васеи кӯли сунъӣ ҳаҷми бузурги обу лойқа ба маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоати Поршнев низ зиёни ҷиддӣ расонида метавонанд. Дар идомаи ин самт ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвози ВМКБ ва вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, сокинони ин қаламрав ба макони бехавф кӯчонида шуда, бисёре аз аҳолӣ аллакай муддати 2 рӯз аст, ки дар кӯҳҳо иқомат доранд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон кори нерӯгоҳҳои «Помир-1» ва ҳамчунин нерӯгоҳи «Хоруғ», ки манбаъи нерӯи барқ барои аҳолии ВМКБ мебошанд, боздошта шудааст. Офати табиӣ қариб 5 километр хатҳои интиқоли барқро, ки нерӯгоҳи «Помир-1»-ро ба шаҳри Хоруғ мепайвастанд, хароб кардааст. Айни замон энергетикҳо барои барқарор кардани хати интиқоли барқ тадбир меандешанд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар макони офати табиӣ кормандони сохтори давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода машғули кор буда, чархболҳои Вазорати мудофиа низ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Тибқи маълуомти пешакӣ, бар асари ин офати табиӣ ҳудуди 40 манзилди зист пурра ва даҳҳои хонаҳо қисман вайрон шуда, ду пули раҳгузар ва ду пули автомобилгузар низ хароб шудааст. Ғайр аз ин, ду километр роҳи мошингардро об шуста, 20 гектар заминҳои кишт, аз ҷумла 8 гектар заминҳои обёришаванда зиён дидаанд.

Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Комиссия махсуси таъсисёфта дар ҷойи ҳодиса қарор дорад. Дар макони офати табиӣ ҳамчунин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Хайриддин Абдураҳимов, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода низ ҳузур доранд.

spot_imgspot_img

Популярное