Тағйироти кадрӣ дар мақомоти суд ва хадамоти гумрук

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Тағироти кадрӣ дар мақомоти Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Хадамоти Гумрук сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ аз […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Тағироти кадрӣ дар мақомоти Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Хадамоти Гумрук сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, номзадии Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, ки то ин муддат дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ фаъолият дошт, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, номзадии Наимзода Марҳабо Наим, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош, Ғуломов Сафарбег Саломович, Маҳмадшарофӣ Дилбар, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.Дар ин хусус пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош аз вазифаи муовини якуми Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломов Сафарбег Саломович аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Маҳмадшарофӣ Дилбар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон- Бобокалонова Қутфинисо Маҳмудовна, судяи суди шаҳри Душанбе- Қурбонова Моҳбӣ Давлятовна, Раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд- Атоӣ Саодат Иброҳим ва Олимзода Хосият Ато аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҳисор бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Президенти мамлакат кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъиншударо ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд. Зимни сӯҳбати самимӣ Сардори давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардида, ки ҷавону соҳибтаҷрибаанд, дар таъмини волоияти қонун, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.