Суғд: Боздошти гумонбар ба қатли майори милиса

Санаи 13-уми июли соли 2015, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷасади майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович, соли таваллудаш 1980, сокини н.Шаҳристон, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ин ҷинояти махсусан […]

ASIA-Plus



Санаи 13-уми июли соли 2015, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷасади майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович, соли таваллудаш 1980, сокини н.Шаҳристон, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан,

бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.


Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ин ҷинояти махсусан вазнин дар муддати кӯтоҳ ва бо маҳорати баланди касбӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Истаравшан ошкор ва гумонбари ин ҷинояти мудҳиш дастгир карда шуд.

Дар ҷараёни бурдани корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Ботуров Зариф Хушбахтович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Истаравшан аз хусумати шахсӣ нисбати марҳум Нарзуллоев Б. пайти мувофиқ ҷӯста, шаби 12 ба 13-уми июл ӯро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд, бо баҳонаи вайрон шудани автомашинааш манъ намуда, аз ӯ чархи эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (дамкрат) мепурсад.

Вақте, ки Нарзуллоев Б. аз мошинаш фаромада, мехоҳад аз боғоҷ асбобҳоро гирифта ба ӯ диҳад, Ботуров З. ба узвҳои бадани марҳум бо бераҳмии махсус 5 маротиба бо корд зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум месозад. Сипас ҷасадро дар автомашинаи худи мақтул ба курсии паси ронанда гузошта, бо мақсади тоза намудани иззи ҷиноят 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ мебарад.   

Дар он ҷо бензини овардаашро ба мошин пошида, автомашинаро оташ мезанад ва худ пиёда ба назди воситаи нақлиёташ бармегардад. Дар натиҷа воситаи нақлиёт қисман сӯхта, оташ хомӯш мегардад.

Зимни бурдани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар куштор Ботуров З.Х. дастгир гардида, далели шайъӣ – корд гирифта шуд.

Айни замон Ботуров З.Х. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳристон мутобиқи моддаи 104 қисми 2 Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 инҷониб ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 содиқона ва софдилона фаъолият намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ мебаромад. Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматҳои поквиҷдодонона якчанд маротиба бо медалу нишони сарисинагӣ мукофотонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.