ИМА ва Куба расман муносибатҳои дипломатиро барқарор мекунанд

Имрӯз дар пойтахти ИМА – Вашингтон маросими ифтитоҳи сафоратхонаи Куба доир мегардад, ки пас аз 54 соли қатъи муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо дубора ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора нашрияи   The Telegraph иттилоъ медиҳад. Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад, дипломатҳои Куба ин маросимро ботантана ҷашн гирифта, иштироки котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар пойтахти ИМА – Вашингтон маросими ифтитоҳи сафоратхонаи Куба доир мегардад, ки пас аз 54 соли қатъи муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо дубора ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора нашрияи  


The Telegraph


иттилоъ медиҳад.

Хабаргузории

Интерфакс

дар ин робита менависад, дипломатҳои Куба ин маросимро ботантана ҷашн гирифта, иштироки котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар он дар назар аст Хосе Рамон Кабанянс сафири Куба дар ИМА таъин шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин назди даромадгоҳ ба бинои департаменти давлатии ИМА дар қатори парчамҳои кишварҳое, ки бо ИМА муносибатҳои дипломатӣ доранд, парчами Куба низ барафрохта хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо замони президентии Дуайт Эйзенхауэр ва баъди сари ҳукумати Куба омадани Фидел Кастро қатъ шуда буданд. Пас аз инқилоби Куба дар соли 1959 ИМА нисбати Куба таҳримхои иқтисодӣ ҷорӣ намуда, соли 1961 муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварро қатъ намуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.