Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта

Бар асари садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди кишвар 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳияи Ишкошим ба самти деҳаи Ширген ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», марди 35-солаи ҳамин ноҳия дар гардиши деҳа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Ганҷ […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди кишвар 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳияи Ишкошим ба самти деҳаи Ширген ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», марди 35-солаи ҳамин ноҳия дар гардиши деҳа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Ганҷ чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофирон: марди 44-сола, ҷавондухтари 20-сола ва ҷавондухтари 17-сола, сокинони  н.Ишкошим дар дарё ғарқ шудаанд.  

«Барои дарёфт намудани ҷасадҳои номбурдагон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи идома дорад. Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст», – қайд мешавад дар маълумоти ВКД,

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, марди 45-солаи сокини н. Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти н. Данғара ба самти ш. Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Шаҳбури ҷамоати деҳоти И.Шарифӣ аз ӯҳдаи идораии воситаи нақлиёт набаромада, дар мобайни роҳи мошингард нақлиёт чаппа шудааст.

«Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири хурдсолаш писарбачаи 12-солаи сокини ш. Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд ва дар беморхона писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидааст», – зикр мегардад дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио