Боз як қурбонии офати табиӣ дар шарқи ҷумҳурӣ



Дар минтақаи шарқи Тоҷикистон боз 1 нафар қурбони офати табиӣ шуд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ронандаи трейлери боркаш ҳангоми кӯшиши гузаштан аз байни маҷрои селоба ҳалок шудааст.

«Манзили ин мард аз офати табиӣ осеб дида, фарзандонаш муваққатан ба ҷойи дигар кӯчонида шуда буданд ва ӯ ба назди онҳо шитоб доштааст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, ки бар асари офтати табиӣ қатъ гардида буд, аллакай барқарор шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное