Раҳимзода: Ба раиси ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад



Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

«Ман аз он ба ҳайрат омадам, ки дар остонаи ҷашн (Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июн) тариқи ВАО-и давлатӣ эълом доштанд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноӣ омода мешавад, зеро 17 сол пеш ман гӯё амволи худро нодуруст фурӯхта будаам. Чӣ гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, вақте ин амволи ман аст? Ба ҳар ҳол, агар ба ман саволҳо медоштанд, онро метавонистем баъди ҷашн баррасӣ кунем. Гузашта аз ин, муддати ин 17 сол ман ду маротиба вакили парлумон будам ва бисёр афвҳо мавриди амал қарор гирифтанд», – гуфта буд Кабирӣ. 

spot_imgspot_img

Популярное