Бонкҳои марказии кишварҳои аъзои БРИКС – Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар бораи таъсиси Бонки умумии рушд бо фонди захираҳои асъори 100 млрд. доллари ИМА созишнома ба имзо расониданд.
Бино ба
иттилои
Бонки Русия, дар ин санад ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни созишнома ва ҳамчунин қоидаву тартиботе дарҷ ёфтаанд, ки бояд аз ҷониби кишварҳои узви БРИКС ба иҷро расанд.
Хабаргузории
Lenta.ru
дар ин робита менависад, ин механизми суғуртавӣ барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ дар кишварҳои узв таъсис ёфта, дар сурати зарурат онҳо метавонанд дар давраи ноустувории иқтисод барои фавран касри буҷетро пӯшонидан аз маблағҳои ин фонд истифода кунанд.
Гуфта мешавад, тибқи уҳдадориҳои қабулшуда, ба ин фонд Чин – 41 млрд., Бразилия, Ҳиндустон ва Русия – ҳар кадоме 19 млрд. ва Африқои Ҷанубӣ – 5 млрд. доллари ИМА саҳмгузорӣ мекунанд.