ВКД аз боздошти гумонбарон ба қатли як оила дар Суғд хабар дод



Кормандони мақомоти корҳои дохилии виояти Суғд гумонбарон ба қатли ҳамаи аъзои оилаи Бобоевҳо дар вилояти Суғдро, ки моҳи июни соли 2013 содир шуда буд, боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, шоми рӯзи 8 август гумонбаршудагон ба куштори як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳти посбонии пурзӯр ба ҷойи содир шудани ҳодиса овардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокинони шаҳри Хуҷанд – паадару писар боздошт шуда, ба хотири халалдор нашудани ҷараёни тафтишот, ному насаби онҳо ифшо нагардид.

Ёдрас мекунем, ки

шаби рӯзи 2 июни соли 2013

дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд.  

Ин ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола, Суҳробҷон Бобоеви 15-сола ва Санҷарбек Бобоеви 6-соларо ба қатл расонида буданд.

spot_imgspot_img

Популярное