Боздиди олимони Чин аз Академияи илмҳои Тоҷикистон

Рӯзи 12-уми августи соли 2015  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ  бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҶТ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми августи соли 2015  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ  бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҶТ, зимни мулоқоти ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии ду кишвари ба  ҳам дӯсту бародар ва ҳамсарҳад сухан рафта  таъкид гардид, ки дар оянда низ робитаҳои илмӣ ва муносибатҳои илмӣ-ташкилӣ байни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон аз дастовард ва таҷрибаҳои илмӣ-амалии олимони тоҷик дар соҳаи таҳқиқотҳои бунёдӣ  сухан ронда, меҳмононро роҷеъ ба дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба  робитаҳои хуби  илмӣ  бо муассисаҳои илмии Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии мардумии Чин бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки дар оянда низ ин гуна ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.

Дар мулоқот рафти корҳо оид ба ташкил намудани Маркази байналмилалии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сипас, ҳайати намояндагони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи кӯҳии ботаникии мавзеи «Кондара» воқеъ дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.