Боздошти муовини раиси «Гурӯҳи 24» дар Кишинёв

Дар фурудгоҳи байнулмилалии пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв сиёсатмадори мухолифи тоҷик, муовини раиси созмони сабтиномнашудаи «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон» Собир Валиев боздошт шуд. Дар ин бора ВАО-и Молдова хабар медиҳанд. Бино ба иттилои   NewsMaker, Содир Валиеви 27-сола бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ӯро ба «ифротгароӣ» муттаҳам медонанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Молдова бастаи […]

ASIA-Plus



Дар фурудгоҳи байнулмилалии пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв сиёсатмадори мухолифи тоҷик, муовини раиси созмони сабтиномнашудаи «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон» Собир Валиев боздошт шуд. Дар ин бора ВАО-и Молдова хабар медиҳанд.

Бино ба

иттилои

  NewsMaker, Содир Валиеви 27-сола бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ӯро ба «ифротгароӣ» муттаҳам медонанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Молдова бастаи ҳуҷҷатҳо барои истирдод аз Душанберо интизоранд. Адвокати боздоштшуда бар ин назар аст, ки Валиев ба Тоҷикистон истирдод шуда наметавонад, зеро шарҳу тафсири ифротгароӣ дар Тоҷикистон «дар мо ҳамчун озодии сухан фаҳмида мешавад».

Зикр мегардад, ки муовини раиси «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон» Собир Валиев рӯзи 11 август дар фурудгоҳи Кишинёв бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби кормандони пулиси марзӣ боздошт шудааст. Дар Душанбе гӯё сиёсатмадори 27-соларо ба фаъолияти ифротгароӣ айбдор медонанд ва бо ҳамин сабаб нисбати ӯ пайгарди қонунӣ эълон шудааст.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки аз соли 2008 Собир Валиев шаҳрванди Қирғизистон буда, ҳамон замон аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст.

Адвокат Светлана Мазур гуфтааст, Собир Валиевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 307 (1) қ. 2 ва 307 (2) қ. 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор медонанд. Ӯ қайд кардааст, ки Валиев замони нияти сафар доштан ба Истамбул боздошт шудааст.

Ба гуфтаи адвокат, Валиев моҳи март дар қаламрави ИДМ таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст. Баъди мавриди ҷустуҷӯ эълон шудан, ӯ ба Молдова омада, ҳудуди се моҳ ин ҷо иқомат доштааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Дафтари муҳоҷират ва гурезагони назди ВКД Олга Поалелунж дар ин робита

изҳор доштааст

, ки Собир Валиев дар қаламрави ИДМ аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. «Ӯро боздошт намуда, маводҳоро ба прокуратураи генералӣ доданд ва қарори истирдод шудан ё нашудани ӯро ин мақомот қабул мекунад. Агар шахс мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ эълон шуда бошад, мо ба ҷузъиёти масъала дахл накарда, ин шахсро ба ихтиёри прокуратура месупорем», – гуфтааст Поалелунж.

Дар Прокуратураи генералии Молдова хабар додаанд, ки ҳуҷҷатҳои аслӣ дар бораи истирдод аз Тоҷикистонро мунтазиранд.

Ҷониби ҳимояи мухолифи тоҷик чунин мешуморад, ки истифодаи тартиби истирдод ғайриимкон аст, зеро ҷиноятҳое, ки ба он Валиевро мутттаҳам мекунанд, аз ҷумла ифротгароӣ, «дар Кодекси ҷиноии Молдова пешбинӣ нашудааст».

Ҳамсафони Собир Валиев бар ин назаранд, ки айбдоркунӣ дар фаъолияти ифротгароӣ ангезаи сиёсӣ дошта, ба методҳои бидуни зӯроварии муборизаи худ исрор меварзанд ва аз созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ даъват кардаанд, ки ба истирдоди Валиев ба Тоҷикистон, ки «дар он ҷо ба солимиву ҳаёти ӯ хатар вуҷуд дорад», роҳ дода нашавад.

Раиси «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон»Додоҷон Атовуллоев, ки дар шаҳри Берлин иқомат дорад, дар ин робита

изҳор намудааст

, ки тамоми сиёсатмадорони мухолифро дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва фаъолияти зиддиҳукуматӣ айбдор мекунанд. «Ҳар касе, ки ҳукуматро танқид мекунад, тағйироту ислоҳоти демократӣ талаб мекунад, алайҳи коррупсия, қавмгароӣ (трайбализм) ва президенти абадӣ садо баланд мекунад, ба «рӯйхати сиёҳ»-и хадамоти махсуси Тоҷикистон меафтад», – гуфтааст ӯ.

Собир Валиеви 27-сола ҳамчунин муовини раиси кунунии «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев низ мебошад. Пешвои пешини ҳаракат Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. То замони кушта шудани ӯ низ Тоҷикистон аз Туркия истирдоди Қувватовро талаб мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.