Коҳиши саҳми ҳукумат дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Ҳаҷми умумии саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми солҳои 2002-2014 ҳудуди 180 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми бештари пардохтҳои ҳукумат барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ соли 2013 (28,4 млн. $) сурат гирифта, соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми умумии саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми солҳои 2002-2014 ҳудуди 180 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми бештари пардохтҳои ҳукумат барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ соли 2013 (28,4 млн. $) сурат гирифта, соли гузашта ҳаҷми пардохтҳои ҳукумат дар ин самт нисбат ба соли пешин 41% коҳиш ёфтаанд ва беш аз 16,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, тайи солҳои ахир шумори лоиҳаҳои сармоягузорие ҳам, ки ҳамроҳ бо ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мегардад, кам шуда, дар муқоиса бо соли 2008 соли гузашта шумори онҳо ба 7 адад лоиҳа коҳиш ёфтааст.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки соли гузашта 70,4% (беш аз 11,7 млн. $) аз ҳаҷми умумии саҳми ҳукумати Тоҷикистон ба бахши нақлиёт рост омадааст.

Ба иттилои манбаъ, саҳми бештари ҳукумат ба пойтахт рост меояд, ки ба ҳудуди 7,8 млн. $ ё худ 46,1% аз ҳаҷми умумии саҳмгузорӣ баробар аст. Ба вилояти Хатлон 19,4%, ноҳияҳои тобеи марказ – 17,2%, вилояти Суғд – 3,1% ва ВМКБ – 1,8% аз ҳаҷми умумии саҳмгузориҳои ҳукумат ба лоиҳаҳо рост меояд.

Бино ба маълумоти Кумита, айни замон сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз 54 лоиҳа бо маблағи умумии 2 млрд. 250 млн. доллари ИМА иборат аст. Барои амалисозии ин лоиҳаҳо ҳукумати Тоҷикистон каме бештар аз 150 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ карданист, ки ба 6,7% аз маблағи умумиии сандуқ баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.