Эҳтимоли аз тири дайду рух додани сӯхтор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар минтақаи таҳти масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии№4 қарордоштаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар самти ноҳияи Фархор замини алафзор оташ гирифт. Роҳбари хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб Фаррух Раҳматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи сар задани сӯхтор дар ин мавзеъ ба онҳо саривакт расида, аммо гармии зиёд ба паҳншавии оташ дар […]

Турко Дикаев



Дар минтақаи таҳти масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии№4 қарордоштаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар самти ноҳияи Фархор замини алафзор оташ гирифт.

Роҳбари хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб Фаррух Раҳматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи сар задани сӯхтор дар ин мавзеъ ба онҳо саривакт расида, аммо гармии зиёд ба паҳншавии оташ дар майдони ҳадди ақал 20 гектар мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вазъ, аз Кӯлоб, Восеъ ва Фархор 5 дастаи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, дар муддати кӯтоҳ оташ хомӯш карда шудааст.

«Сабабҳои мушаххаси сар задани сӯхтор алҳол ошкор нашуданд, вале хизматчиёни ҳарбӣ аз тири дайду оташ гирифтани ин қитъаи алафзорро аз эҳтимол дур намедонанд, зеро қабл аз ин ҳодиса дар марз бо қочоқбарон тирпарронӣ сурат гирифтааст», – гуфт Ф.Раҳматов ва илова намуд, ки аз сӯхтор касе осеб надида, зиёни молии расида аз он баъдтар муайян карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.