Тавсияи ҳарчи зудтар роҳандозии ҳамкорӣ бо Томсон Рейтерс ба бонкҳои Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолидддин Нуралиев бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, мутахассисони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ Блумберг ва Томсон Рейтерс масъалаҳои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи навбатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолидддин Нуралиев бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, мутахассисони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ Блумберг ва Томсон Рейтерс масъалаҳои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар рафти ҷаласа намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, қобилияту бартариҳои онро ба ҳозирин пешниҳод карданд. Ҳамзамон мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади дарёфти маълумоти бештар оид ба маҳсулотҳои пешниҳодшаванда ба масъулини ширкатҳои номбурда саволу дархостҳои худро пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.

Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа диққати намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс ба зиёд намудани имтиёзи бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода кардани терминалҳо барои тамоми ташкилотҳои қарзӣ, пасттар кардани нархи моҳонаи ҳизматрасонии низоми электронӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти майдони ягонаи савдо ҷалб карда шуданд.

Илова бар ин, иштирокдорони маҷлис қайд карданд, ки баъзе бонкҳои ҷумҳурӣ бо барномаҳои Томсон Рейтерс аз наздик шинос ҳастанд ва аллакай бо онҳо амалиётҳои асъориро анҷом медиҳанд.

Дар қисми хотимавии ҷаласа баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз доданд. Ҳамчунин дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, то дар муҳлати кӯтоҳ бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.