Президент роҳбарони Раёсатҳои сарҳадбониии Суғду Хатлон ва ВМКБ-ро иваз кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як катор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Абдураҳмон Азимов – бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардид. Назиров […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як катор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Абдураҳмон Азимов – бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардид.

Назиров Сафаралӣ аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ-сардори раёсати корҳои тарбиявӣ озод гардида, Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид.

Ҳамчунин Сардорони раёсатҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардиданд. Ному насаби онҳо зикр нашудааст.

Ба вазифаҳои сардорони отрядҳои як қатор гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд афсарони соҳибтаҷрибаву корозмуда таъин карда шуданд.

Бо мақсади тақвияти мубориза алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шӯрообод, Панҷ, ки тоза ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рӯи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.

Роҳбарони марказҳои таълимии “Ҳалқаёр” ва “Лангар” низ аз ҳисоби афсарони ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кадрҳое, ки имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ дар раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, баъди хатми донишгоҳҳои мамлакат ду маълумоти олиро дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Қазоқистон бо дарёфти дараҷаи баланди тахассусӣ хатм намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз авзои номӯътадили давлати ҳамсояи Афғонистон, задухурду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии давлати Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд.

Дар баробари вазъи хуби таъминоти моддию техникӣ ва таҷҳизоти муосири нигоҳубини сарҳад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, истифодаи мақсадноки заминҳои ҳудуди қисмҳои низомӣ ва корҳои ободонию ниҳолшинонӣ диққати махсус дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.