Суди олии Тоҷикистон омӯзгори варзиш ва омодагии ҳарбии мактаби таҳсилоти умумии №7-и шаҳри Турсунзода Юлдош Айтматовро, ки ба қатли директори мактаб ва муовини ӯ гумонбар дониста мешуд, ба 30 соли зиндон маҳкум кард.
Дар мурофиаи судӣ қотил аз кирдори содирнамудааш изҳори пушаймонӣ карда, барои сабук кардани ҷазо аълочии соҳаи маориф ва мураббии шоиста будану барои некӯаҳволии кишвар хизмат карданашро баён дошт.
Ба гуфтаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ, дар қисмати зиёди сухани ниҳоии худ Айтматов маъмурияти мактаб ва шуъбаи маорифро дар қонуншиканиҳо, аз ҷумла коррупсия айбдор карда, вале касе далелҳои ӯро тасдиқ накардааст.
Аз рӯи якчанд банди моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) Айтматов ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда, дар ҳамин ҳол, 5 соли аввали муҳлати ҷазоро дар шароити ҷудонигоҳдорӣ дар ҳуҷраи яккасаи зиндон адо мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 29 майи соли 2015 омӯзгори варзиш ва омодагии ҳарбии мактаби таҳсилоти умумии №7-и шаҳри Турсунзода Юлдош Айтматов дар утоқи кориаш директори мактаби мазкур Дилором Нишонова ва пеши чашмони толибилмон хоҳари ӯ ва ҳамзамон муовини директор Гулнораро
бо корд ба қатл расонид.
Ҷасадҳои хоҳарон рӯзи 29 май ба хок супурда шуданд. Аз директори мактаб Дилором Нишоноваи 51-сола се фарзанд ятим монда, ҳамсараш маъюб аст. Аз Гулнора Юлдошеваи 49-сола чор фарзанд ятим монда, шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва ба маросими хоксупории ҳамсараш расида натавонист.
Ба гуфтаи чанде аз ҳамкорон, қабл аз куштор Ю.Айтматов намехостааст, ки назди директор дар бораи пулҳои гирифтааш аз шуъбаи маорифи шаҳр барои сафар ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар чорабинии «Чароғаки раҳнамо» ҳисобот диҳад.
Ҳамчунин овозаҳое ҷой доштанд, ки пеш аз ин ҳодиса Айтматов шифоҳӣ ба чанде аз кормандони милиса ва шуъбаи маориф бо дархости ҳаллу фасли мушкилоташ муроҷиат карда, иброз доштааст, ки вагарна маҷбур хоҳад шуд, ки худаш чораҷӯӣ намояд. Аммо баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин овозаҳоро рад карданд ва муроҷиати Айтматов қабл аз куштор ба онҳо тасдиқи худро наёфт. Дар мурофиаи судӣ ҳам дар ин хусус сухан нарафт.
Ба иттилои як манбаъ, қотил ихтиёрӣ ба мақомот таслим шуда, изҳор доштааст: «Ман ду нафарро ба қатл расонидам. Бо ман кори аз дастатон меомадаро кунед. Ман ба мақсадам расидам». Аммо дар мурофиаи судӣ Айтматов инро инкор намуда, изҳор доштааст, ки ин суханҳоро сари эҳсосот ба забон оварда, нодуруст рафтор намудааст.
Хешону наздикони ҷабрдидагон аз суд ҳукми олӣ барои Айтматов – ҳабси абадро тақозо доштанд, аммо бо назардошти 53-сола будани маҳкумшуда, бо қарори суд розӣ шуданд, зеро ин муҳлатро ҳам метавон барои ӯ ҳабси абад шуморид.



