Нозирони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус

Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ИДМ ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки санаи 11 октябри соли равон доир мегардад, ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод. Муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ИДМ ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки санаи 11 октябри соли равон доир мегардад, ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба ҳайси нозирон дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Беларус ҳузур хоҳанд дошт. Ба ҳайати миссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ шомил гардидани намояндагони Тоҷикистон низ аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, муҳлати ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба мансаби президенти Беларуси рӯзи ҷумъа, 21 август ба итмом расида, намояндагони гурӯҳҳои ташаббускори президенти амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич, намояндагони ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич, иқтисодчӣ Виктор Терешенко ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус Николай Улахович дар бораи ҷамъоварии 100 ҳазор имзои зарурӣ маълумот додаанд.

Аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Беларус 10 сентябр ба қайд гирифтани номазадҳо ба президентӣ дар назар аст. Интихоботи президенти Ҷумҳурии Белорус 11 октябри ҳамин сол доир мегардад.

Сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко айни замон ягона президенти Беларус ба шумор меравад. Ӯ дар маъракаҳои интихоботии солҳои 1994, 2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.