Тоҷикистон инфрасохторашро аз ҳисоби сармояи Ҷопон беҳтар карданист

Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо намояндагони Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC), Корпоратсияи NEC (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, OGAWA Seiki Co., LTD (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва INVERSON TECHNOLOGIES SA (Швейтсария) дар Тоҷикистонмасъалаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохторҳои Тоҷикистон бо ҷалби […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо намояндагони Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC), Корпоратсияи NEC (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, OGAWA Seiki Co., LTD (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва INVERSON TECHNOLOGIES SA (Швейтсария) дар Тоҷикистонмасъалаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохторҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳо, қарзҳои дарозмуддат ва сармоягузории Бонки давлатии Ҷопон ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, намояндаи Ширкати NEC Ҷопон дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошт, ки минбаъд бо мақсади маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ният доранд ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро миёни Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC) ва   низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон моҳи октябри соли 1999 дар асоси якҷояшавии Бонки содиротию воридотии Ҷопон (Эксимбанк) ва Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкил шуда, муассисаи молиявӣ ба шумор меравад ва ба Ҳукумати Ҷопон тааллуқ дорад.

Ширкати NEC бошад, яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё маҳсуб ёфта, ба истеҳсоли асбобҳои электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ машғул мебошад. Гардиши солонаи ширкати мазкур дар як сол 50 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.