Кумаки Ҷопон ба сохтмони маркази бонувон дар Норак

Ҷаноби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Норак» ба шаҳри Норак ташриф овард. Бино ба маълумоти сафорати Ҷопон дар ҶТ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP) барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимияти маҳалии шаҳри Норак […]

Иттилоияи расмӣ



Ҷаноби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Норак» ба шаҳри Норак ташриф овард.

Бино ба маълумоти сафорати Ҷопон дар ҶТ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP) барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимияти маҳалии шаҳри Норак аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 110,653 доллари ИМА барои сохтмони маркази мазкур дастрас гашт.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи созмони ҷамъиятии “Бону” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳри Норак, амалӣ гардид. Маркази мазкур ҳарсола қариб 1500 нафар занони минтақаи Норакро бо курсҳои мухталифи касбӣ аз қабили курсҳои дӯзандагӣ, забономӯзӣ, компютерӣ, ҳамчунин хизматрасонии машваратҳои ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Минбаъд, бо сохтмони бинои нави мустақил, созмони ҷамъиятии “Бону” метавонад бидуни маҳдудияти фазои корӣ, кулли курсҳо ва хизматрасониҳои марказро ба таври нисбатан беҳтар пешниҳод намояд.

Дар рафти чорабинӣ, ҷаноби Камада, ҷ-би Фатҳулло Ҳурматов, Раиси шаҳри Норак ва хонум Фароғат Қурбонова, Директори ташкилоти ҷамъиятии “Бону”-ро ба хотири бомуваффақият анҷом ёфтани лоиҳа табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки чунин иншоотҳо, ба монанди маркази бонувон, ки хизматрасониҳои ҳаётан зарурро ба ашхоси ниёзманд пешниҳод менамоянд, бисёр муҳиманд. Ҷ-би Ҳурматов ва хонум Қурбонова зимни сухани ҷавобӣ ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгирӣ намудани сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Норак изҳори миннатдории самимӣ баён намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.