Мулоқоти Э.Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои саноатии чинии машғули кор дар Тоҷикистон

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей”-и Чин хонум Лин Жуйтсӣ жидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамкории Хуавей бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Ғайр аз ин ширкати Хуавей […]

ASIA-Plus



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей”-и Чин хонум Лин Жуйтсӣ жидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамкории Хуавей бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Ғайр аз ин ширкати Хуавей дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.

Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар қароргоҳи муваққатии худ дар Пекин ҳамчунин президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷӣ (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»  таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони Зарнисор, Пай-Булоқ, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обамбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуда, мутобиқи ҳисоботҳо аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4 млн. доллари амрикоиро ташкил намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд. 

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз тарафи Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут”сармоягузорӣ карда мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ “Пакрут” соли 2004 барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ба мӯҳлати 10 сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон ба мӯҳлати то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.

Аз ҷониби Ҷамъият ба буҷаи ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 млн. сомонӣ, андозҳои давлатӣ пардохт шудааст. Айни замон шумораи кормандон 1025 нафарро тагкил медиҳад, ки аз он 550 мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.